Мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ
Дар доираи таваҷҷӯҳи пайваста ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин бо директорони муассисаҳои таълимии ноҳия суҳбати корӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, риояи интизоми меҳнат, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони муассисаҳо ва омӯзгорон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили хонандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, пешрафти ҷомеа ва ояндаи кишвар аз сатҳи дониш, маърифат ва тарбияи насли наврас вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, тарбияи ватандӯстии хонандагон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро, истифодаи дурусти вақт, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи суҳбат роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба вазъи фаъолияти муассисаҳо, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот пешниҳод намуданд.
Раиси ноҳия ба масъулини соҳаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва назорати мунтазами раванди таълим дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҷовид Қувватзода