МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ
Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД – и ноҳия, роҳбарони ташкилту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сархатиби ноҳия иштирок доштанд.
Нахуст, масъалаи ҷамъоварии андозҳо барои моҳи сентябр дида баромада шуд ва раиси ноҳия ба масъулини соҳа дастуру супориш доданд, ки баҳри таъмини нақшаи андоз тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Масъалаи дигари ҷаласа – ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва ба корхонаҳои коркарди пахта супоридани он буд. Доири масъалаи мазкур муовини аввали раиси ноҳия М.Сафарзода равшанӣ андохта, қайд кард, ки доири супоридани пахта мо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳо кор бурда истодаем ва вазъи супоридани пахта бояд беҳтар шавад.
Доири масъалаҳои дигар - назорати ҷиддӣ бобати супоридани пахта ба корхонаҳои коркарди пахта, ҷоннок намудани фаъолияти гуруҳҳои корӣ дар ҷамоатҳо, сафарбар намудани ҳамаи кормандони ташкилоту муассисаҳо ба ҷамъоварии пахта раиси ноҳия махсус истода гузашт ва ба масъулин таъкид намуд, ки доири ин масъалаҳо ва иҷроиши онҳо чораҳои бетаъхир андешида шавад.
Масъалаҳои дигари ҷаласа – обуна ба рӯзномаи ноҳиявӣ (“Навиди Ҳамадонӣ”), ҳизбӣ (“Минбари халқ”, Ҳамрози халқ”), даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шишабандии муассисаҳои таълимӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар Ҷамоати шаҳраки Москва ҳаматарафа баррасӣ гардида, бобати ҳаллу иҷрои масъалаҳои ҷаласаи назоратӣ раиси ноҳия ба роҳбарону шахсони масъул дастуру супориш ва тавсияҳои муфид доданд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия