Боздид аз рафти корҳои мумфаршсозӣ
Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин аз рафти корҳои мумфаршсозӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи С.Турдиеви ноҳия шинос шуданд.
Ба раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки дар Ҷамоати мазкур бо дастгирии соҳибкорони ватандӯсту ватанпарвар имрӯз ҳудуди 4 километри дигар мумфарш гардида истодааст, ки он барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва таъмини шароити хуби зист кӯмак хоҳад намуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А., аз ин иқдоми инсондӯстонаи соҳибкорони маҳаллӣ истиқбол намуда, онро нишонаи пайрави аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида, ба соҳибкорону сокинони Ҷамоат минатдории самимии худро расониданд