Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин аз рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагии тухмипарварии "Сайёд-2010" шинос шуданд. Бинобар иттилои роҳбари хоҷагии мазкур Файзимад Одинаев онҳо имсол дар майдлни 13 га аз тухмии хушсифати пахта истифода намудаанд, ки ният аст аз ҳар гектар то 30 сентнер ҳосили пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Раиси ноҳия бо саҳмдорон ва хоҷагидорон ҳамсӯҳбат гашта, аз онҳо таъкид ба амал оварданд, ки баҳри беталаф ҷамъоварии ҳосили пахта тамоми кушишу ғайрати худро ба роҳ монанд.