Семинар – машварати омӯзишӣ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Солеҳзода Абдурозиқ семинар - машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар - машварат кормандони нозироти андози ноҳия, соҳибкорон, омӯзгорон, донишҷӯён, сокинон ва дигар кормандони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Мақсад аз баргузории семинар – машварат, ин муаррифӣ намудани имкониятҳои нави рақамӣ дар соҳаи хизматрасониҳои бахши андоз, муаррифии замимаҳои нави мобилӣ аз қабили “Андози ман” “Андоз - деҳқон. тҷ” ба шумор меравад.
Солеҳзода А. зимни суханронӣ қайд намуданд, ки мақсади асосии ин машварат баланд бардоштани сатҳи фаҳмишу дарки аҳолӣ аз имкониятҳои муосири хизматрасонӣ, гузариш ба системаи рақамӣ, истифода намудани замимаҳои мобилии хизматрасонӣ мебошад.
Ҳадаф аз ташкили ин замимаҳо ин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои коррупсионӣ ва навбатпоиҳои дурудароз буда, бо истифода аз замимаҳои мобилӣ дилхоҳ шахс метавонад тавассути телефони худ як қатор хизматрасониҳоро анҷом диҳад.
Шарафиддин Шарипов