Мулоқот бо афсарону сарбозон
15 сентябри соли 2026 дар қисми ҳарбии 45085-и КҲФ ва Мудофиаи гражданӣ дар ноҳия вохӯрии намояндаи Бахши дин, танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ, афсарону сарбозони қисмӣ низомӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таҳкими ваҳдату иттиҳоди динӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҳимояи Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти ифротгароӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.