ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАКТАБИ НАВ: НАСЛИ СОЗАНДАИ ФАРДОРО МЕСОЗЕМ
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ ва сарчашмаи рушди минбаъдаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пуршарафи бунёдкориву созандагиро тай намуда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соҳаи маориф низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин давра ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун муассисаи таълимии типи нав таъсис ёфта, дар тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми арзанда гузошта истодааст. Соли 2005 бо ташаббуси собиқ директори муассисаи таълимии №1, шахси дар ҳақиқат, маорифпарвар, устоди устодон Пираҳмад Табаров ва бо дастгирии роҳбарияти соҳаи маориф ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар заминаи муассисаи таълимии №1 литсей таъсис дода шуд.
Баъдан, соли 2006 литсейи давлатии №1 ҳамчун муассисаи мустақили таълимӣ фаъолият намуда, барои хонандагоне, ки мехоҳанд бо донишҳои муосир мусаллаҳ гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шаванд, имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Дар давоми солҳои фаъолият литсей ба як мактаби воқеии истеъдодҳо табдил ёфт. Имрӯз дастовардҳои хатмкардагони он далели равшани самаранокии корҳои таълимиву тарбиявӣ мебошанд. Аз ҷумла, аз шумораи умумии 44 нафар хатмкардагони соли 2011, 42 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил гардиданд. Ду нафар аз хатмкардагон сазовори Квотаи Президентӣ ва чор нафар соҳиби стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият барои рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас заминаи устувор гузоштааст.
Соли таҳсили 2025–2026 барои омӯзгорону хонандагони литсей соли пур аз дастовардҳо буд. Дар ин давра дар литсей 24 нафар омӯзгор ба 406 нафар хонанда таълиму тарбия доданд. Хатмкардагони муассиса низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз 40 нафар хатмкардагони синфи 11-ум, 36 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардиданд. Як нафар тариқи Квотаи Президентӣ қабул шуда, як нафар бошад ба тақсимоти такрории моҳи август роҳ ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки дар соли таҳсили 2025–2026 литсей барои омӯзгорону хонандагон соли фаромӯшнашаванда гардид. 14 нафар гирандаи Стипендияи Президентӣ, 4 нафар ғолиби даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ ва 8 нафар ғолиби Олимпиадаи байналмилалии фанни забони англисӣ ва математика гардиданд.
Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати омӯзгорони соҳибтаҷриба қобилияти хонандагони болаёқат ва муҳити созандаи таълимӣ мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати ҷавонон таваҷҷуҳи хосса доранд. Ин сиёсати созанда моро водор месозад, ки дар замири ҳар як хонанда муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул диҳем.
Бо ҳамин мақсад дар литсей ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ, китобхонӣ ва иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Хонандагони муассиса дар даври вилоятии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» 16 роҳхат ва дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 роҳхат ба даст оварданд.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти литсей дар соли 2026 муваффақияти хатмкардаи синфи 11-ум Ризвонова Гулҷамол мебошад. Ӯ дар Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло иштирок намуда, соҳиби дастоварди арзанда гардид.
Имрӯз дар назди мо — омӯзгорон ва аҳли маориф вазифаи муҳим меистад: насли донишманд, соҳибмаърифат, худшинос, ватандӯст ва созандаро тарбия намоем.
Мо, омӯзгорони Литсейи давлатии №1, минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намуда, барои таълиму тарбияи насли ояндасоз тамоми неру ва имкониятҳои худро равона созем.
Моҳшариф Шоахмедова,
директори литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ