ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ
“Истиқлолият ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои
давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат,
ҳувият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлоли худро ба даст овард. Даврае, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, давлатҳои узви он ба ҳар тараф барои ҷустуҷӯйи роҳи хеш, таъмин намудани истиқлолияту эълон намудани давлати соҳибихтиёр рафтанд.
Истиқлолияти моро як қатор давлатҳои бонуфузи ҷаҳон - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия аз аввалинҳо шуда, ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф намуданд.
Баробари ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ миллати сулҳҷӯву сулҳдӯсти мо пас аз фосилаи тӯлонии таърихӣ масъулияти пешбурди давлату давлатдории худро бар дӯш гирифт. Ин дар ҳолест, ки дар Ватани азизамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошту ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ пайи ба даст овардани зимоми давлатдорӣ ҳар гуна ҳодисаву фоҷеаҳо ташкил менамуданд. Ба ҳар нафари сиёсиву зиёї, олимону донишмандон таҳдиду хатарҳои душманони миллат пайваста ба амал меомад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик ба ормонҳои садсолаи худ, ки орзу мекарданд, расиданд.
Нафаре лозим буд, ки дар он рӯзҳо кишварро аз парокандашавӣ наҷот диҳад. Ба бахти миллати сарбаланди тоҷик ҷавонмарди далеру шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт ва кишварро аз парокандашавӣ наҷот дод.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Ин давраи таърихӣ ба мо сабақ дод, ки озодию истиқлолият бароямон бузургтарин дастовард ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, бояд минбаъд низ тамоми талоши худро барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он равона созем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт намоем”
Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар намуда, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми - 35 – соли соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик роҳи пурпечутоб, вале пурифтихорро тай намуда, маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдат ба рушди устувори кишвар ноил гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар фарзандони баруманди тоҷик ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҷомӣ, Ҳофизу Айнӣ нобиғаи аср мебошад, ки Истиқлолияти комилро бо талошу ҷонбозиҳои шабонарӯзӣ ба мо ҳадия намуд.
Имрӯз, воқеан ҳам, дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд. Дарвоқеъ, Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад.
Бояд қайд намуд, ки мустақилият ва доштани давлати мустақил барои њар як миллат ифтихори бузург аст. Воқеан ҳам, доштани давлати мустақил ба дилхоҳ миллат имкон медиҳад, ки таъриху фарҳанги гузаштаи худро омӯзад ва дар оянда барои ривоҷу равнақаш ҷаҳду талош варзад.
Истиқлоли Тоҷикистони маҳбуб муборак бод, ҳамватанони азиз!
Муҳуддинзода Д.А,
муовини раиси ноҳия