Поянда бод, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Имрӯз дар майдони марказии ноҳия чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба таҷлили 35 - умин
Дар чорабини идона меҳмонон сараввал аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаи маорифу варзиш дидан намуданд.
Баъдан Сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муҳтарам Мирзоалӣ Комил Ҷумахон бо сухани ифтитоҳӣ ҳамаи иштирокчиён ва сокинону фаъолони ноҳияро ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле нишонрас, возеҳ ва равшан ифода кардаанд: “Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст”.
Маҳз бо шарофату талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон зиндагии осоишта фаро расид, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар сарзамини мо сулҳи пойдор барқарор шуда, маҳз ба туфайли талошҳои пайвастаи мардум ва роҳбари хирадманди он, Тоҷикистон Ватани сулҳ ва кишвари соҳибихтиёр, демократӣ гардид.
Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ба ин рўзи фирўзу муқаддас 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ ва кулли сокинони кишварро шодбош гуфтанд.
Баромадкунандагон зимни баромади худ аз ҷумла қайд доштанд, ки дар оғози ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлати тозаистиқлоли мо ба кашмакашиҳои сиёсии дохилӣ рў ба рў гардида, хатари парокандагии миллат ва пора-пора шудани кишвар таҳдид менамуд, аммо кўшишу заҳмати хастанопазири халқи тоҷик ва азму иродаи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки сулҳу субот дар кишвар таъмин гардад.
Тавре зикр гардид, ҳамин дастоварди таърихӣ буд, ки имрўз Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо, дар баробари кишварҳои мутараққии ҷаҳон қадам зада, дар ҳалли проблемаву масъалаҳои глобалӣ, ки сокинони сайёра бо он рў ба рў гардидаанд, саҳми арзанда мегузорад.
Қайд гардид, ки Ҷашни Истиқлол барои сокинони мамлакат ҷашни дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш ва созандагию бунёдкорӣ маҳсуб ёфта, мардумро ба сўи комёбиҳои нави меҳнатӣ ҳидоят месозад.
Аз чеҳраи сокинон ҳувайдо буд, ки онҳо Ҷашни миллии худ ва оромию суботи кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри ободӣ ва шукуфоии софдилонаю содиқона заҳмат мекашанд.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ гардид, ҳамчунин, дар базми Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия ду тан ҳунармандони шинохтаи кишвар Файзалӣ Ҳасанов ва Фирдавс Ҳошимов даъват шуда, ҳунари хешро пешкаши сокинон гардониданд, ки басо ҷолибу хотирмон буд.
Ҷовид Қувватзода, суратгир Ш.Шарипов