РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ СОКИНОН БАХШИДА БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар маркази маъмурии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳпаймоии идона бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандон ва сокинону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ сокинону фаъолон дар даст шиору овезаҳо ва дар забон ибораҳои Ватандӯстона ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи Истиқлоли давлатӣ қадаме заданд.
Роҳпаймоӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар сокинону фаъолони ноҳия доир гардид, ки фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар худ таҷассум менамуд.