Машварати августии омӯзгорони ноҳия
Имрӯз, 25 – уми августи соли 2026 дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин, муовини раиси ноҳия Фотима Маҷидзода, масъулини шӯъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Дилшод Иброҳимов, кормандони дастгоҳи шӯъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, омӯзгорони собиқадор, ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид.
Мудири шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муқаддас Саймуминзода доири ҷамъбасти соли таҳсили 2025 – 2026 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2026 - 2027 маърӯза кард.
Ӯ дар маърӯзаи худ оид ба дастовардҳои маорифчиёни ноҳия, иҷрои барномаҳои давлатӣ, нишондиҳандаҳои толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фарогирии хонандагон ба таҳсил, ҷалби хатмкунандагон ба ММТ, фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ, муассисаҳои томактабии ноҳия, рушд ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ истода гузашт.
Сипас, дар ҳошияи ҳисоботи мудири шӯъбаи маорифи ноҳия директори маркази рушди истеъдодҳои назди шӯъбаи маорифи ноҳия Ҳусейн Раҳмонов, директори Литсейи давлатии ноҳия Мошариф Шоахмедова ба музокира баромада, ҳисоботи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияро бобати ҷамъбасти соли таҳсили 2025 – 2026 мусбӣ арзёбӣ карданд.
Баъдан ба як қатор омӯзгорони беҳтарин, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия – ғолибону ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ифтихорномаву Сипосномаҳои раиси ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Шарафиддин Шарипов, "Навиди Ҳамадонӣ"