Баргузории чорабинии “Шукӯҳи Истиқлол” дар деҳаи Таги Намак
Дирӯз дар деҳаи Таги Намаки Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ ба истиқболи Ҷашни бошукӯҳи миллӣ 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода, бахши кор бо занон, мактаби варзишии ноҳия ва дигар меҳмонон баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд аз хурд то бузурги аҳли ҷамоатчигӣ, ҷавонон, калонсолон , фаъолони ҷомеа ва намояндагони касбу кори гуногун, аз субҳи барвақт дар майдони мактаб ҷамъ омаданд.
Чорабинӣ бо роҳпаймоӣ зери шиори “Пешвои мо - ифтихори мо” оғоз гардид, ки дар он пиру барнои Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ ширкат намуда, дар дастҳо Парчами давлатӣ бо ифтихор аз давлату миллати хеш, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ бо як руҳияи болидаву ифтихормандона гом мебардоштанд.
Сипас, дар майдони мактаби деҳаи Таги Намак муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода ва дигар меҳмонон Парчами давлатиро парафшон намуданд, ки он бо азму иродаи сокинон бо дарозии 12 метр бунёд гардидааст.
Дар як гӯшаи майдон сокинон хонҳои идона ороста рӯйи онро бо маҳсулоти гуногун, аз қабили кулчақанду ширинӣ, чаппотиву гирдача, кулчаву қалама оро дода, гӯшаи дигари майдонро намоиши ҳунарҳои мардумӣ - чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, рӯймолчадӯзӣ, пилабофӣ, қолинбофӣ, табақтарошӣ, кӯлолгарӣ ва дигар намуди ҳунарҳои миллии қадима зебу зиннати дигар мебахшид.
Хонандагон бо як хушҳолӣ дар як қисмати чорабинӣ дастоварду ҷоизаҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳамагон гардиданд. Занони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ дар як гӯша ҷамъ омада, хӯрокҳои миллии тоҷикона - оши палов, ширкаду, ширбиринг, оши бурида, оши туппа ва дангичаву далдаро омода намуда, пешниҳоди меҳмонон намуданд, ки ин аз меҳмондӯстиву меҳмоннавозии мардуми шарафманди Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ башорат медиҳад.
Ҳамзамон, барои тарғиби тарзи ҳайёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷавонон аз рӯйи намуди волейбол байни ҳам рақобат мекарданд, хонандагон бошанд ба бозии шоҳмот машғул мешуданд.
Муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода ва дигар меҳмонон аз ин намоиши дастовардҳои аҳли заҳмати аҳли Ҷамоат дидан намуда, ба маҳсули меҳнату заҳмати онҳо баҳои баланд доданд. Муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода зимни баромад ҳама аҳли ҷамоатчигиро ба Ҷашни муқаддаси миллӣ 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, онҳоро ба муттаҳиддӣ, бунёкориву созандагӣ ҳидоят намуда, барои таҳияи чунин як чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуданд.
Дар фарҷом барои болидарӯҳии иштирокчиёни чорабинӣ аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия, барномаи рангини консертӣ иборат аз таронаҳои ватану ватандорӣ, Истиқлолият, Сулҳу ваҳдат, Ватан - Модар ва дигар сурудҳои дилнишин пешкаш гардид, ба ҳамагон рӯҳи тоза бахшид.
Шарафиддин Шарипов, “Навиди Ҳамадонӣ”