Бисту чоруми августи соли равон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурддин ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия доир гардид.
Дар он муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД – и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳия иҷроиши дастуру супоришҳои ҳафтаи сипаришударо аз масъулин пурсон шуда, ҷиҳати ҳалли мусбати корҳо ба роҳбарону шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
Бобати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо барои моҳи август раиси ноҳия ба масъулини соҳа дастуру супориш доданд, ки баҳри иҷро намудани нақшаи андоз тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, масъалаҳои дигари ҷаласа - вусъати тоза бахшидани корҳои саҳроӣ,сафедкунии биноҳову дарахтон дар ташкилоту муассисаҳо ва роҳҳо, вусъати тоза бахшидан ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ (аз ҷумла, кишти такрорӣ), омодагӣ барои баргузории рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон дар шаҳри Душанбе, омодагиҳо ба гузашти ҳарбӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба истиқболи Ҷашни бошукӯҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани барномаи идонаи ҳунарӣ, тозаю озода намудани кӯчаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, бобати иҷроиши пурраи масъалаҳои ҷаласаи назоратӣ раиси ноҳия ба роҳбарону шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҷовид Қувватзода