ИСТИҚЛОЛ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА САРЧАШМАИ ОБОДИИ ВАТАН
Истиқлол арзишмандтарин ва муқаддастарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон мебошад. Ин андеша имрӯз на танҳо ҳамчун шиор, балки ҳамчун воқеияти таърихӣ дар зиндагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон таҷассум ёфтааст. Зеро маҳз Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки соҳиби давлат, соҳиби тақдир ва соҳибихтиёр дар интихоби роҳи рушди худ бошад.
Дар тӯли сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тавонист таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории навинро устувор гардонад, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор созад ва марҳилаи созандагию бунёдкориро оғоз намояд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дошта, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди саноатикунонии босуръат самараҳои назаррас ба бор овардааст. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ бунёд гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум сол аз сол беҳтар мегардад.
Ин пешрафтҳо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ҷамоати шаҳраки Москва низ равшан эҳсос мешаванд. Дар солҳои охир корҳои созандагию ободонӣ, беҳсозии роҳҳо, рушди муассисаҳои иҷтимоӣ, ободонии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ вусъати тоза гирифтаанд. Меҳнати софдилонаи сокинон ва дастгирии сиёсати давлат боис гардидааст, ки симои ҷамоат рӯз аз рӯз зеботар ва шароити зиндагии мардум беҳтар шавад.
Боиси ифтихори сокинони ноҳия мебошад, ки соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Ин сафари таърихӣ барои мардуми ноҳия рӯҳияи тоза бахшида, оғози марҳилаи нави корҳои созандагӣ гардид. Дар доираи ин сафар як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Москва, мавриди истифода қарор гирифта, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Ин таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат бозгӯи он аст, ки рушди шаҳраку деҳот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Истиқлол танҳо озодӣ нест. Истиқлол масъулият аст. Масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар назди Ватан, миллат ва наслҳои оянда. Ҳар як хиште, ки барои ободии деҳа ё шаҳрак гузошта мешавад, ҳар як дарахте, ки шинонида мешавад, ҳар як кӯдак, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия меёбад ва ҳар як амали неке, ки барои ҷомеа анҷом дода мешавад, саҳмест дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ.
Сокинони Ҷамоати шаҳраки Москва низ ин рисолати бузургро амиқ дарк намуда, баҳри ободии маҳал, риояи қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи муҳити зист ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ин талошҳо нишонаи садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба неъмати бузурги Истиқлол мебошанд.
Имрӯз ҳар як фарди ватандӯст вазифадор аст, ки дастовардҳои Истиқлолро ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ метавон давлати пешрафта, ҷомеаи мутамаддин ва зиндагии шоистаро таъмин намуд.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад, сулҳу субот пойдор монад ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб барои тамоми наслҳо чароғи роҳнамои давлатдории миллӣ, сарчашмаи ифтихор ва кафили зиндагии осоишта гардад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Муҳаммадбаён Раҳмонов, раиси Ҷамоати шаҳраки Москва