ИСТИҚЛОЛИЯТ – ИФОДАГАРИ ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГИИ КИШВАР
Чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Даштигуло
20.08.2026
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ, сиёсӣ ва варзишӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Ф.Маҷидзода, сокинон, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Нахуст, чорабинӣ бо роҳпаймоии идона таҳти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, иштирокчиён бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамзамон, бо ташаббуси сокинон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Ҷамоат бо баландии 20 метр ва хонаҳои истиқоматӣ барафрохта шуд, ки ин иқдом нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол мебошад.
Ҷовид Қувватзода