Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин дар Ҷамоати шаҳраки Москва аз рафти корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кӯчаҳои марказии он боздид ба амал оварданд.
Мавриди қайд аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъӣ, сафед кардани дарахтон, ивази шиору овезаҳо, рангубори деворҳо ва хонаҳои истиқоматӣ, иваз кардани симчӯбҳои фарсудашуда дар Ҷамоати шаҳраки Москва мароми тоза дорад. Сокинон бо истифода аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳама якдилона ба ҳашар баромада, дар рушди маҳали хеш заҳмат кашида истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, сокинон баҳри истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми қувваю нерӯи худро равона намуда, ният доранд, ки Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Ҷовид Қувватзода