Бостоншиносони “Осорхонаи миллӣ” аз атрофи ёдгории таърихии “Сайёд”-и ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон муҳри шоҳие пайдо кардаанд, ки ба замони давлатдории Кӯшониён марбут будааст.
Дар ин бора аз “Осорхонаи миллӣ” ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ин муҳр “аз гили пухта сохта шуда, то имрӯз дар ҳолати комилан солим нигоҳ дошта шудааст”.
Муҳри мазкур ранги нахудӣ ва 5 см баландӣ дошта, дар рӯйи он тасвирҳои катибаи бохтарӣ, нақшу нигори ҳандасӣ, нимпайкараи шоҳ бо тоҷи дандонадор, тасвири бузҳои кӯҳӣ, рамзҳои давлатдории шоҳони Кушонӣ ва ҳокимони маҳаллӣ мушоҳида мешаванд.
“Арзиши илмии ин бозёфт пеш аз ҳама дар он аст, ки дар як муҳр маҷмуи унсурҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, хаттӣ ва бадеии давраи Кушониён таҷассум ёфтаанд... Ин кашфиёт метавонад дар омӯзиши таърихи аҳди Кушониён дар минтақа марҳилаи навро оғоз бахшида, барои бознигарии бархе аз назарияҳо ва дидгоҳҳои мавҷуда заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам оварад”, - гуфтанд аз “Осорхонаи миллӣ” .
📷: Аз "Осорхонаи миллӣ" пешниҳод шуд
Манбаъ: https://www.facebook.com/share/1LFz1DjSz3/?mibextid=wwXIfr