Дар доираи таҷлили Ҷашни муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ ҷараён дошта, сокинон бо ҳисси баланди ватандўстӣ дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъолона менамоянд.
Тавре мушоҳида мешавад, сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳия бо ифтихор дар болои боми хонаҳои истиқоматӣ Парчами давлатиро насб менамоянд.
Ин нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
Ҷовид Қувватзода