Дар идомаи сафари гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии “Навои модарони ваҳдатсаро” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия мулоқоти судманд ва чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид.
Нахуст, бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода ва муаррифии меҳмонон чорабинӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолзанон, собиқадорон, омӯзгорон, эмомхатибон, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ иштирокчиён оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафти кишвар ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки имрӯз Тоҷикистон маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи рушди устувор расидааст.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муассир мегузорад.
Аъзои гурӯҳи “Навои модарони ваҳдатсаро” дар суҳбатҳои худ ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ даъват намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, ки суруду таронаҳо дар васфи Ватан, сулҳу ваҳдат ва Тоҷикистон буд, пешниҳоди ҳозирин гардид.
Ҷовид Қувватзода