АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ
Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муҳтарам Комили Мирзоалӣ ва раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдату дидорбинии собиқадорӣ хизмати давлатӣ Маҳмадшоев Ҷангихон рафтанд.
Мавриди қайд аст, ки Маҳмадшоев Ҷангихон яке аз собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ ба ҳисоб мераванд, ки зимни фаъолити меҳнатӣ дар солҳои вазнин тавонист дар рушду пешрафт ва шукуфоии Ватани азиз саҳми арзанда гузорад.
Зимни суҳбату дидорбинӣ меҳмонон изҳор доштанд, ки роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба заҳмати иштирокчиёну собиқадорони меҳнат арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани эҳтироми онҳоро таъкид менамоянд.
Ҷовид Қувватзода