ТАҶЛИЛИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН ДАР НОҲИЯ
28 май муовини раиси ноҳия Муҳуддинзода Давлатҷон, раиси Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исозода Б.Ч., прокурори ноҳия Мирзозода М.Н., ёрдамчии прокурори ноҳия Давлатзода Давлат ва Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Шамсиддин Саидов ба қисми низомии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ воқеъ дар ҳудуди ноҳия омада, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбї шинос гардида, аҳли афсарону сарбозонро ба муносибати 32-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрику муборакбод гуфтанд.
Меҳмонон дар чорабинии тантанавии сарҳадбонон суханронӣ карда, иброз доштанд, ки таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ алоқаманд буда, дар шароите таъсис дода шуд, ки кишвар дар ҳалқаи ҷанги шаҳрвандӣ ва кашмакашиҳои сиёсӣ қарор дошт. Афсарону аскарони Қӯшунҳои сарҳадии навтаъсис тӯли мавҷудият вазифаи муқаддасашонро сарбаландона ба ҷо оварда, корҳоеро анҷом доданд, ки тақдири минбаъдаи давлату миллати тоҷик ба он вобастагии амиқ дорад. Бо азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар замони соҳибистиқлолӣ куллан навсозӣ ва бо пешрафтатарин техника, яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ таъмин карда шуда, нуфузу эътибори он аз лиҳози қадрї, техникаву таҷҳизоти мукаммали ҳарбӣ пайваста баланд ва марзҳои кишвар мустаҳкам гардиданд.
Раиси ноҳия дар фазои тантанавӣ ба сарбозону афсарони Қисми низомӣ барои ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият ва таъмини амнияти давлату миллат Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.
Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешкаш намуданд.
Н.Ашуралиев, суратгир Салимов Азим