ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкорони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Забон сарвати бузурги маънавӣ, омили худшиносии миллӣ ва яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Миллат тавассути забон таъриху фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва таҷрибаи зиндагии худро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерасонад. Забони тоҷикӣ бо таърихи пурғановат ва мероси бузурги адабию илмӣ дар ташаккули фарҳангу худшиносии миллии мо нақши барҷаста дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки: «Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад». Ин андешаи пурмуҳтаво моро водор месозад, ки ба забони давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ муносибати масъулона дошта бошем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати пайгиронаи давлат ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳким ёфта, барои рушди он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, илмӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шуданд. Имрӯз забони тоҷикӣ дар идоракунии давлатӣ, илму маориф, фарҳанг, иқтисод ва дигар самтҳои ҳаёти кишвар васеъ истифода мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ тавсеаи имкониятҳои забони давлатӣ дар фазои рақамӣ ва илмӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Соҳаи геология низ дар самти рушди забони давлатӣ ва густариши забони илмии тоҷикӣ нақши муҳим ва масъулияти хос дорад.
Геология соҳаи илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ буда, дорои доираи васеи истилоҳоти тахассусӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳисоботи илмӣ, маълумоти геологӣ, санадҳои техникӣ, харитаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ бояд бо забони дақиқ, равон ва меъёрӣ таҳия карда шаванд. Истифодаи саҳеҳи истилоҳот на танҳо ба сифати ҳуҷҷатҳо, балки ба рушди забони илмии тоҷикӣ низ мусоидат мекунад.
Ҳар як корманди Саридораи геология метавонад дар ин самт бо риояи меъёрҳои забони давлатӣ, интихоби дурусти вожаҳо, истифодаи саҳеҳи истилоҳоти соҳавӣ ва баланд бардоштани фарҳанги касбии сухан саҳми худро гузорад. Муносибати масъулона ба забон бояд аз ҳуҷҷати корӣ, ҳисобот, мактуб ва ҳар як муоширати хизматӣ оғоз гардад.
Дар Саридораи геология Комиссияи татбиқи забони давлатӣ фаъолият менамояд, ки дар самти риояи меъёрҳои забони давлатӣ, баланд бардоштани фарҳанги забонӣ ва густариши истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар фаъолияти хизматӣ корҳои муайянро ба анҷом мерасонад.
Вазифаи мо - соҳибони забон ҳифзи мероси забонӣ ва ҳамзамон рушди забони тоҷикӣ мутобиқ ба талаботи илму техникаи муосир ташаккули истилоҳоти нав ва таҳкими мавқеи он дар муҳити илмӣ, технологӣ ва рақамӣ мебошад.
Дар ин раванд тарбияи насли ҷавон низ аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонон бояд дар баробари азхуд кардани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, забони модарии худро хуб донанд, дуруст истифода баранд ва дар ғанӣ гардонидани забони илмӣ ва касбии тоҷик саҳм гузоранд.
Забон пайванди гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат аст. Аз ин рӯ, ҳар як насл масъул аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз намуда, онро бо имкониятҳои нав ва ғановати бештар ба наслҳои оянда расонад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ба ҳамаи Шумо саломатӣ, рӯзгори обод, фаъолияти пурсамар ва дар рушди соҳаи геология, илму маърифат ва таҳкими забони давлатӣ комёбиҳои нав орзумандам.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!