САРДОРИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ПОМИР БО НИШОНИ САРИСИНАГИИ ИДМ САРФАРОЗ ГАРДИД
САРДОРИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ПОМИР БО НИШОНИ САРИСИНАГИИ ИДМ САРФАРОЗ ГАРДИД
Сардори Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» Себарга Паноев барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкории байналмилалии геологӣ бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардид. Мукофоти мазкур 24-уми сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи иҷлосияи XXIX Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим шуд.
Иҷлосияи Шурои байниҳукуматӣ ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи геология, омӯзиши қаъри замин, истифодаи оқилонаи захираҳои зеризаминӣ ва рушди ҳамкории соҳавӣ бахшида шуда, дар он як қатор мутахассисон барои хизматҳои арзандаашон қадрдонӣ шуданд.
Себарга Паноев аз ҷумлаи мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи геологияи кишвар буда, беш аз се даҳсола фаъолияти меҳнатиашро ба ин соҳа бахшидааст. Роҳи касбии ӯ аз вазифаҳои муҳандисӣ оғоз гардида, то роҳбарии як корхонаи соҳавӣ идома ёфтааст. Таҷрибаи андӯхтаи ӯ дар самтҳои техникӣ, истеҳсолӣ ва роҳбарӣ заминаи муҳими фаъолияти минбаъдааш гардид.
Мавсуф соли 1990 Донишкадаи техникии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-барқчӣ хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар корхонаи заршӯии Дарвози Иттиҳодияи истеҳсолии «Тиллои тоҷик» оғоз кардааст. Солҳои минбаъда дар Иттиҳодияи истеҳсолии Помири «Памиркварцсамосветы» ва «Экспедитсияи аксбардорию ҷустуҷӯи Помир» дар вазифаҳои гуногуни муҳандисӣ фаъолият намуда, таҷрибаи касбии худро такмил дод.
Солҳои 2003-2009 сардори шуъбаи механикикунонидашуда ва таъминоти Корхонаи муштараки «Бадахшонроҳ» ва солҳои 2009-2016 роҳбари «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» буд. Аз моҳи июли соли 2016 то имрӯз роҳбарии КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир»-ро ба уҳда дорад.
Фаъолияти роҳбарии ӯ бо ташкили корҳои иктишофии геологӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои техникӣ ва истеҳсолӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами экспедитсия пайванд дорад. Таҷрибаи чандинсолаи муҳандисӣ ва роҳбарӣ дар ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ ва соҳавӣ барои пешбурди фаъолияти корхона заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Заҳмати бисёрсолаи Себарга Паноев қаблан низ бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ гардидааст. Мукофоти нави соҳавӣ бошад, баёнгари эътирофи фаъолияти ӯ дар соҳаи геология ва саҳмаш дар таҳкими ҳамкории касбӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Соҳаи геология барои Тоҷикистон аҳаммияти хос дошта, омӯзиши қаъри замин, муайянсозии захираҳои табиӣ ва гузаронидани корҳои иктишофӣ аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии кишвар ба шумор мераванд. Дар ин раванд саҳми мутахассисони соҳибтаҷриба, ки донишу малакаи худро барои рушди соҳа истифода мебаранд, назаррас аст.
Сарфароз гардидани Себарга Паноев бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» барои кормандони Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» ва аҳли соҳаи геологияи кишвар рӯйдоди муҳим буда, аз қадршиносии фаъолияти мутахассисони тоҷик дар рушди ҳамкории байналмилалии геологӣ шаҳодат медиҳад.
Маркази матбуот