КИШВАРҲОИ СҲШ ОЯНДАИ ИСТИФОДАИ ҚАЪРИ ЗАМИНРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
17-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Москва Конфронси байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти унвони «Таҷрибаҳои беҳтарини истифодаи сарватҳои зеризаминӣ: вазъи заминаи захираҳо, иқтидори рушд ва самаранокии истифода» ба кори худ оғоз кард.
Дар Конфронс намояндагони кишварҳои узви СҲШ, давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи Созмон, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ширкатҳои соҳавӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок доранд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар кори Конфронс иштирок менамояд. Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин сардори шуъбаи илм ва таҳияи санадҳои меъёрии Саридораи геология Собир Бобоев шомил мебошад.
Зимни Конфронс ҳайати Тоҷикистон дар муҳокимаҳои соҳавӣ иштирок намуда, масъалаҳои рушди геология, такмили усулҳои омӯзиши қаъри замин, истифодаи технологияҳои муосир, арзёбии захираҳо, омодасозии кадрҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ намуд.
Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода вобаста ба мавзуи Конфронс маъруза намуда, оид ба вазъи кунунӣ ва иқтидори рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки омӯзиши қаъри замин ва имкониятҳои ҳамкории байналмилалӣ маълумот пешниҳод кард.
Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи геологияи кишвар ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои муосир дар корҳои геологию иктишофӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои минералӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад. Дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо амалӣ гардида, таҷрибаи андӯхташуда барои рушди минбаъдаи корҳои геологӣ замина фароҳам овардааст.
Дар доираи Конфронс ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои соҳавӣ, табодули таҷриба, ҷалби технология ва сармоягузорӣ, инчунин густариши робитаҳои байни мақомоти давлатӣ, ширкатҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ифтитоҳи Конфронс Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев таъкид намуд, ки захираҳои табиӣ, илмӣ ва истеҳсолии кишварҳои Созмон заминаи устувор барои рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта фароҳам меоранд. Ба гуфтаи ӯ, рушди соҳаи захираҳои минералӣ-маъданӣ дар Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 ҳамчун самти стратегӣ муайян шудааст.
Конфронс дар чунин формат бори аввал баргузор гардида, ба 25-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд. Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои касбӣ дар соҳаи геология ва истифодаи қаъри замин мусоидат менамояд.
Конфронс ду рӯз идома ёфта, дар доираи он баргузории мулоқотҳои дуҷониба ва баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои соҳавӣ дар назар дошта шудааст.
Маркази матбуот