SAUDI GOLD REFINERY COMPANY ҲАВАСМАНДИ ҲАМКОРӢ БО ТОҶИКИСТОН АСТ
SAUDI GOLD REFINERY COMPANY ҲАВАСМАНДИ ҲАМКОРӢ БО ТОҶИКИСТОН АСТ
2-юми сентябри соли 2026 дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо роҳбарият ва мутахассисони ширкати Saudi Gold Refinery Company (SGR) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин, корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои маъданӣ, инчунин ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи геология ва саноати кӯҳии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муовини сардори Саридора Алимаҳмуд Ализода ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷӣ Боқибек Қурбонбеков намояндагӣ намуданд. Аз ҷониби SGR директори генералӣ ва раиси Шурои директорон Сулаймон Ал Отайм, роҳбари бахши геология Ҳенри Табер ва сармуҳандиси корҳои кӯҳӣ Фирдавс Исматуллоев иштирок доштанд.
Зимни мулоқот намояндагони ширкат фаъолияти SGR ва таҷрибаи онро дар самти корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои маъданӣ муаррифӣ намуда, ба имкониятҳои рушди ҳамкории дарозмуддат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ширкати Saudi Gold Refinery Company яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлҳои қиматбаҳо дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ буда, дар кишварҳои Танзания, Эфиопия ва Судон низ корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷиро ба роҳ мондааст. Ширкат дорои 50 дастгоҳи пармакунӣ ва беш аз 60 мутахассиси соҳаи геология мебошад. Иқтидори солонаи пармакунии ширкат то 300 ҳазор метр арзёбӣ мешавад.
Роҳбарияти SGR омодагии ширкатро барои сармоягузорӣ ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар Тоҷикистон ва дар асоси натиҷаҳои омӯзишу арзёбӣ баррасӣ намудани имконияти татбиқи лоиҳаҳои минбаъда дар соҳаи истихроҷ ва коркарди ашёи хоми маъданӣ изҳор намуд.
Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкид кард, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ, истифодаи оқилонаи қаъри замин, истихроҷ ва коркарди ашёи хоми маъданӣ имкониятҳои мусоид дорад.
Барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, пеш аз ҳама, омӯзиши ҳамаҷонибаи геологӣ ва арзёбии захираҳои объектҳои ояндадори маъданӣ зарур буда, тамоми корҳои дахлдор бояд дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шаванд.
Намояндагони ширкат омодагии худро барои дар муҳлати кӯтоҳтарин пешниҳод намудани дархости дахлдор изҳор намуда, таъкид карданд, ки пас аз баррасии он ва мувофиқаҳои минбаъда самтҳои ҳамкории муштарак муайян карда мешаванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти омӯзиши геологӣ, арзёбии захираҳои маъданӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва рушди иқтидорҳои истихроҷу коркарди ашёи хоми маъданӣ изҳор намуданд.
Маркази матбуот