ITEC: ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ РОҲБАРӢ
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили донишу малакаҳои касбӣ ва рушди иқтидори роҳбарии занон, Адиса Худоназарова, иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши махфӣ ва бойгонии Саридораи геология назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси байналмилалии омӯзишии ITEC таҳти унвони «Рушди малакаҳои роҳбарии занон – танҳо барои занон» иштирок намуд.
Курси мазкур аз 9 то 15 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи бонкдории рушди деҳоти шаҳри Лакнауи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардида, дар он намояндагони 35 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои рушди малакаҳои роҳбарӣ, худтавонмандсозӣ, муоширати самаранок, қабули қарор, идоракунии даста ва ҳалли низоъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин нақши занон дар рушди деҳот ва кишоварзӣ, баробарии гендерӣ, рушди соҳибкорӣ, фарогирии молиявӣ ва иштироки занон дар идоракунӣ омӯхта шуд.
Иштироккунандагон аз гурӯҳҳои худёрирасон, корхонаҳои занона ва дигар ташаббусҳои муваффақ боздид намуда, бо таҷрибаи амалии дастгирии занон ва рушди фаъолияти иқтисодии онҳо шинос шуданд. Ҳамзамон, боздиди омӯзишию фарҳангӣ ба шаҳри Агра баргузор гардид.
Дар рафти курс Адиса Худоназарова бо намояндагони кишварҳои гуногун табодули таҷриба намуда, бо усулҳои муосири роҳбарӣ ва таҷрибаи пешқадам дар самти тавонмандсозии занон шинос гардид. Донишу малакаҳои бадастомада барои истифода дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ муҳим арзёбӣ мешаванд.
Маркази матбуот