АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТИ СОДИҚОНА ВА ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ КОРМАНДОНИ СОҲА
Дар арафаи таҷлили ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои тантанавӣ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони соҳа, собиқадорон ва корхонаҳои зерсохтори Саридора барои хизмати шоиста, тадбиқи барномаҳои давлатӣ, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи геология мукофотҳои соҳавӣ тақдим гардиданд.
Ин иқдом дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, баёнгари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба меҳнати содиқона, заҳматҳои бисёрсола ва фаъолияти самараноки мутахассисоне мебошад, ки дар рушди соҳаи геология, омӯзишу таҳқиқи захираҳои табиии кишвар ва омода намудани кадрҳои ҷавон саҳми арзанда доранд.
Дар асоси фармоиши сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони соҳа - собиқ муовини сардори Саридораи геология Марҳабо Абдуллоева ва собиқ сардори Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Раҳмонов барои хизмати шоиста, заҳматҳои бисёрсола, саҳми арзанда дар рушди соҳаи геология ва тарбияи мутахассисони ҷавон бо Сипосномаи Саридораи геология сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи геология, таҳкими ҳамкории судманди байниидоравӣ, саҳми назаррас дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода бо Ифтихорномаи Саридораи геология қадрдонӣ гардид.
Дар идомаи маросими тантанавӣ як қатор кормандони Саридора барои хизмати шоиста, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи геология бо Ифтихорномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи геология, фаъолияти пурсамар ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо масъулияти баланд, корхонаҳои зерсохтори Саридораи геология низ бо Ифтихорномаи Саридора қадрдонӣ гардиданд.
Қадрдонии кормандон, собиқадорон ва корхонаҳои зерсохторӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишонаи арҷгузорӣ ба меҳнати содиқона ва саҳми арзандаи аҳли соҳа дар пешрафти кишвар мебошад. Зеро маҳз бо фаъолияти пурсамари мутахассисон дар солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои илмӣ, истеҳсолӣ ва техникии соҳаи геология таҳким ёфта, корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯӣ, омӯзиши захираҳои табиӣ ва муайян намудани иқтидори ашёи хоми маъдании кишвар вусъат пайдо кардаанд.
Маркази матбуот