СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ
24-уми августи соли 2026 дар дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ ва шаҳрвандон дар соли 2026» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар масъалаҳои марбут ба ҳукумати электронӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи додаҳо ва технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мутахассисони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ», Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа ва Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба иштироккунандагон доир ба самтҳои гуногуни рақамикунонӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Зимни машварат таъкид гардид, ки рушди малакаҳои рақамӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, баргузории чунин семинарҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ дар мақомоти марказии давлатӣ то моҳи октябри соли 2026 идома хоҳад ёфт.
Маркази матбуот