МОҒИЁН НАҚШАИ НИМСОЛАИ АВВАЛРО БОМУВАФФАҚИЯТ ИҶРО НАМУД
МОҒИЁН НАҚШАИ НИМСОЛАИ АВВАЛРО БОМУВАФФАҚИЯТ ИҶРО НАМУД
Дар шароите, ки рушди соҳаи саноат ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, фаъолияти корхонаҳои геологӣ аҳаммияти махсус касб мекунад. Маҳз аз натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ муайян мегардад, ки имкониятҳои минбаъдаи рушди саноати кӯҳкорӣ ва таъмини корхонаҳои истеҳсолӣ бо ашёи хоми ватанӣ то чӣ андоза фароҳам аст. Дар ин замина, КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» дар нимсолаи аввали соли 2026 тавонист нақшаи корҳои истеҳсолии худро бомуваффақият иҷро намуда, дар татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 натиҷаҳои назаррас ба даст орад.
Дар ин хусус директори корхона Муҳаммадсодир Сафарзода иттилоъ дода, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофӣ аз рӯйи чор лоиҳаи муҳимми геологӣ тибқи нақша ва бо риояи талаботи соҳавӣ анҷом дода шуданд.
Ба гуфтаи мавсуф, фаъолияти корхона, пеш аз ҳама, ба омӯзиши амиқи сарватҳои зеризаминӣ, муайян намудани захираҳои нави канданиҳои фоиданок, такмили заминаи ашёи хоми минералии мамлакат ва иҷрои вазифаҳое, ки аз барномаҳои давлатӣ бармеоянд, равона гардидааст. Бо вуҷуди шароити мураккаби табиии минтақаҳои кӯҳӣ, мутахассисони экспедитсия тавонистанд корҳои саҳроӣ ва камералиро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти корхона дар нимсолаи аввал татбиқи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯии дақиқ дар зуҳуроти волфраму молибдени Ангишт» ба ҳисоб мерафт. Дар доираи ин лоиҳа корҳои камералӣ пурра ҷамъбаст гардида, харитаҳои геологӣ, нақшаҳои маҳакбардорӣ ва дигар маводи техникии зарурӣ таҳия шуданд. Ҳамзамон, барои муайян намудани таркиби маъданҳо садҳо маҳак аз ташхиси лабораторӣ гузаронида шуданд. Мутахассисон таваҷҷуҳи асосиро ба муайян намудани миқдори молибден ва қалъагӣ равона намуда, маълумоти муҳимми илмӣ ва истеҳсолиро ҷамъоварӣ карданд.
Аз моҳи майи соли ҷорӣ марҳилаи фаъоли корҳои саҳроӣ оғоз гардида, корҳои хандақгузаронӣ, маҳакбардорӣ, сохтмони роҳҳои дастрас, омода намудани майдонҳои тадқиқотӣ ва дигар корҳои муҳандисию техникӣ анҷом дода шуданд. Ин тадбирҳо барои муайян намудани сохтори геологии қитъа ва арзёбии дурнамои саноатии он заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Самти дигари фаъолияти экспедитсия татбиқи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Гаут» мебошад. Дар ин минтақа корҳои геологию геохимиявӣ бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқот идома ёфтанд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳлилҳо як қисми ташхисҳо дар ҳамкорӣ бо Ташхисгоҳи «Узбекгеологоразведка»-и Ҷумҳурии Узбекистон анҷом дода шуданд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ 117 ташхиси химиявии маҳакҳо барои муайян намудани миқдори молибден, 25 ташхиси гурӯҳӣ барои муайян намудани никел, руҳ, мис, теллур, селен, нуқра, синк ва платина, 12 ташхис бо усули ҷазби атомӣ, 20 ташхиси назорати дохилӣ барои муайян намудани ванадий ва 106 ташхиси химиявӣ барои уран гузаронида шуд. Натиҷаҳои таҳқиқот имконият доданд, ки сарҳади танаҳои маъданӣ дақиқтар муайян гардида, барои идомаи корҳои иктишофӣ маълумоти илмии боэътимод ба даст оварда шавад. Ҳамзамон, дар асоси натиҷаҳои ташхисҳо хандақҳои нави тадқиқотӣ гузаронида шуда, имконияти васеъ намудани корҳои ҷустуҷӯӣ фароҳам омад.
Натиҷаҳои умедбахш инчунин дар доираи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти тиллои Якота» ба даст омаданд. Дар ин минтақа корҳои саҳроӣ ва камералӣ бо суръати баланд иҷро гардида, мутахассисон хатсайрҳои кофтуковӣ, хандақгузаронӣ, пармакунӣ ва маҳакбардориро анҷом доданд. Таҳлили натиҷаҳои пешакӣ нишон дод, ки дар хандақи №25 фосилаи маъдании тилло бо файзнокии баланд муайян шудааст. Ба андешаи мутахассисон, ин нишондиҳанда метавонад барои идомаи корҳои арзёбӣ ва муайян намудани ҳаҷми захираҳои эҳтимолии кон аҳаммияти муҳим дошта бошад.
Ҳамзамон, корҳои омодагӣ барои татбиқи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Барзангии Калон» идома доранд. Дар ин самт ҳуҷҷатҳои техникӣ омода гардида, корҳои ташкилӣ ва омодасозии инфрасохтор барои оғози марҳилаи нави тадқиқот амалӣ карда мешаванд.
Ҷиҳати таъмини сифати корҳои геологӣ фаъолияти озмоишгоҳи КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» низ нақши муҳим дорад. Давоми нимсолаи аввал озмоишгоҳ дар асоси шартнома бо як қатор ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои соҳа 1954 адад маҳакро аз ташхис гузаронид. Ин нишондиҳанда аз афзоиши ҳаҷми корҳои лабораторӣ ва эътимоди дигар ташкилотҳо ба имкониятҳои техникиву илмии озмоишгоҳ шаҳодат медиҳад.
Муҳаммадсодир Сафарзода таъкид намуд, ки ҳамаи корҳои иҷрошуда мутобиқи талаботи техникию методии соҳа ва бо истифода аз таҷрибаи муосири геологӣ амалӣ гардидаанд. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои бадастомада бори дигар нишон медиҳанд, ки корхона дорои иқтидори зарурии кадрӣ ва истеҳсолӣ буда, метавонад вазифаҳои дар назди он гузошташударо бо сифати баланд иҷро намояд.
Ба гуфтаи роҳбарияти корхона, яке аз ҳадафҳои асосӣ дар солҳои наздик густариши корҳои ҷустуҷӯӣ, истифодаи технологияҳои навини геологӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон ва ҷалби ҷавонони соҳибкасб ба соҳа мебошад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки самаранокии корҳои иктишофӣ боз ҳам баланд гардида, захираҳои нави ашёи хоми минералӣ муайян карда шаванд.
Қобили таъкид аст, ки рушди соҳаи геология дар таъмини амнияти ашёи хоми мамлакат, рушди саноати кӯҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, фаъолияти КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» на танҳо барои рушди соҳа, балки барои пешрафти иқтисоди миллӣ низ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар анҷоми суҳбат Муҳаммадсодир Сафарзода изҳор дошт, ки роҳбарият ва ҳайати кормандони корхона минбаъд низ тамоми неру ва имкониятҳои худро барои иҷрои босифати корҳои иктишофию геологӣ, афзоиши захираҳои ашёи хоми минералӣ, татбиқи ҳадафҳои Барномаи давлатии рушди соҳаи геология ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ сафарбар намуда, бо дастовардҳои арзанда ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол хоҳанд гирифт.
Маркази матбуот