ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН – ЗАМИНАИ УСТУВОРИ СУЛҲ ВА РУШДИ НАСЛҲОИ ОЯНДА
Ба кулли сокинони Тоҷикистон ва тоҷикони дунё ҷаҳонишавии ташаббуси нави Пешвои маҳбуби миллат оид ба Сулҳро муборак мегӯям!
Боиси ифтихору сарфарозии тоҷикони тамоми ҷаҳон аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул шуд, ки бо шарофати он бовар дорам, ки ба хонадони миллионҳо минтақаҳои ноороми ҷаҳон ваҳдату сулҳ бармегардад. Вақти он расид, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар тамоми дунё мавриди омӯзиш қарор гирад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳпарварона, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории созандаро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш гирифтааст. Самараи ҳамин сиёсати дурандешона аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба об, иқлим, рушди устувор ва таҳкими сулҳ, мавқеи шоиста касб намудааст.
Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббус аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дошта, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, пешгирии низоъҳо ва таъмини зиндагии осоиштаи мардумони ҷаҳон равона шудааст.
Сулҳ барои мардуми тоҷик мафҳуми одӣ нест. Мардуми мо рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, бо заҳмату талошҳои пайваста ба ваҳдати миллӣ ва суботи комил расиданд. Аз ин рӯ, ҳар як ташаббусе, ки ба ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ равона мегардад, барои Тоҷикистон аҳаммияти хос дорад.
Соҳаи геология низ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ танҳо дар фазои сулҳу субот метавонад рушд намояд. Омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, таҳқиқоти геологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои муосир муҳити орому босуботро талаб менамоянд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи геология аҳаммияти сулҳу ваҳдатро амиқ дарк намуда, сиёсати созандаи давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати сулҳпарваронаи худ эътибори баланд пайдо кардааст. Ин нуфуз барои ҳар як шаҳрванди мамлакат мояи ифтихор мебошад. Вазифаи ҳар яки мост, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар байни ҷавонон тақвият бахшем.
Кормандони Саридораи геология дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ, барои тарғиби ғояҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд. Мо мутмаинем, ки танҳо дар шароити сулҳу субот метавон сарватҳои табиии кишварро самаранок истифода бурда, барои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам овард.
Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва зиндагии осоишта мебошад. Дастгирии ин ташаббус қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати ҳар як фарди ватандӯст аст.
Бо итминон метавон гуфт, ки сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ мавқеи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшида, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ояндаи дурахшони наслҳои оянда заминаи боэътимод фароҳам хоҳад овард.
Илҳомҷон ОЙМУҲАММАДЗОДА,
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон