15-уми майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Саридораи геология бо иштироки сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардорони шуъба ва мудирони бахши Дастгоҳи марказӣ дар мавзуи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” вохӯрӣ бо намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар оғоз зикр кард, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои ҳифзи амният ва сулҳу субот қонунҳои муҳимро қабул кардааст. Мақсади онҳо пешгирии ҳар гуна амалҳои ифротӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таъмин намудани оромии ҷомеа мебошад.
Дар идома корманди мақомоти амният Зоир Юсупов Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро шарҳ дода, иброз намуд, ки муқовимат ба экстремизм фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст.
Дар вохӯрӣ инчунин дар бораи экстремизму терроризм, шомилшавии ҷовонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастӣ, ҳимояи марзу бум, хуррофотпарастӣ ва нигоҳ доштани зиракии сиёсӣ ибрози андеша карда шуд.
Махсус таъкид гардид, ки кормандон ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар иҷрои қонуни мазкур масъулияти баланд дошта бошанд.
Маркази матбуот