Замимаи 5
Бо фармоиши сардори Саридораи
геологияи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 13 » апрели соли 2026
№ 19-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва
фонди иттилооти геологӣ
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
-дигар талаботҳои муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ
- иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар фаъолияти шуъба ташкил ва таъмин менамояд;
- қуҷатгузориро дар шуъба пеш мебарад. Қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории қисмҳои геологию методии лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводҳои геологиро иҷро менамояд. Саривақт супоридани онҳоро ба шуъба, аз ҷониби экспидитсияҳо назорат мекунад;
-қоидаҳои баҳисобгирӣ ва нигоҳдории маводҳои геологиро риоя мекунад;
- мутахассиси пешбари шуъба ба сардори шуъба итоат мекунад;
- дар ҳолати набудани сардори шуъба ва сармутахассиси шуъба кори шуъбаро пеш мебарад.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятхое, ки мувофики конунҳои Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ