ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ С АРИДОРА ДАР АКСИЯИ “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН”
11-уми апрел бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» иқдоми шаҳрии ҷавонон доир карда шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони ҷавони Саридораи геология фаъолона иштирок карданд.
Иқдоми мазкур дар пойтахт аз соати 08:00 то 11:00 баргузор гардида, дар доираи он ҷавонони саридора кӯчаю гулгашт, атроф ва дохили бино ва майдончаҳои фароғатии атрофи саридораро тоза карданд.
Иқдоми мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Клуби «Волонтёрони экологӣ» ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.
Маркази матбуот