2-юми апрел дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA» Форуми байналмилалии геологӣ ифтитоҳ гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуд.
Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ташаккули ҷомеаи шарикӣ барои рушди устувори соҳа арзёбӣ гардид.
Ба ҳайати Тоҷикистон сардори шуъбаи геология Мухтор Фозилзода, сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ Аслонзода Олимшо, сардори КВ «Экспедитсияи иктишофии геологии Моғиён» Сафарзода Муҳаммадсодир ва сардори КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Шарипов шомил мебошанд.
Форуми байналмилалии геологӣ ду рӯз идома меёбад.
Маркази матбуот