РЕЗАХБОР
оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2025
Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ
Саридора дар соли 2025 омўзиши геологии ќаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Љумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо ќарори Њукумати Љумҳурии Тољикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиќ шудааст, амалї намуд. Корҳои омӯзиши геологӣ аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї аз рўи 32 лоиња ба маблаѓи 21 756,0 ҳазор сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, ќиматбањо, нодир, сангњои худҷило ва ороишї, гидрогеология, геологияи муҳандисї ва геоэкология ба роњ монда шуд.
Корњои шартномавї аз рўи 174 лоиња ба маблаѓи 16978,0 ҳазор сомонї ба анљом расонида шуд.
Дар маљмуъ корњо бо усули хољагидорї 37247,7 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2024 – 5053,8 ҳазор сомонї зиёд буд, ки суръати афзоиш 116 фоизро ташкил медињад.
Дар давраи њисоботӣ Саридора ба маблаѓи 12112,7 ҳазор сомонӣ ба буљет андоз супоридааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 – 1284,5 ҳазор сомонї зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар давраи њисоботӣ 2556,0 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли 2024 – 484,0 сомонї зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ зерсохторҳои Саридора корҳои мукаммалу ҳамаҷонибаи омӯзиши геологӣ, аз ҷумла, гузаронидани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаҳои радиометрӣ, аксбардории топографӣ ва геологӣ, иктишофи геофизикӣ (аз ҷумла магнитӣ) дар миқёси 1:10 000 ва 1:2 000, корҳои хандакканӣ, тозакунӣ ва ҳуҷҷатгузории буришҳо, маҳакбардорӣ, коркарду таҳлили маҳакҳо, корҳои муҳандисӣ оид ба сохтмон ва барқарорсозии роҳҳо, омодасозии майдончаҳои пармакунӣ, пармакунии пармачоҳҳо ва дигар корҳои ёрирасонро ба анҷом расониданд. Дар натиҷаи корҳои иҷрошуда базаи боэътимоди маълумоти геологӣ ташаккул ёфта, ҳисоботи геологии ҷамъбастӣ таҳия ва дар Шурои илмӣ-техникии Саридора баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Танаҳои маъдании ванадий, тилло, нуқра, сурб, руҳ, сурма, инчунин сангњои ороишӣ ва қиматбаҳо, аз ҷумла аметист, ошкор ва тавсиф карда шуда, хусусиятҳои литологӣ, сохторӣ ва морфогенетикии онҳо муайян гардиданд. Таҳлилҳои гузаронидашуда дараҷаи файзнокӣ ва нишондиҳандаҳои сифатии маъданҳоро муайян карда, захираҳо бо категорияҳои муқарраршуда пешакӣ баҳогузорӣ карда шуданд. Дар маҷмуъ натиҷаҳои бадастомада ояндадории баланди рушди минбаъдаи корҳои ҷустуҷӯию арзёбиро дар самти металлњои ранга, нодир ва сангњои ороишию қиматбаҳо тасдиқ менамоянд.
Воҳидҳои сохтории саридора дар баробари лоиҳаҳои барномавӣ корњои омӯзиши геологиро дар асоси шартнома бо ҷамъияту ширкатҳои «ТВЕА-Душанбе-Саноати кӯҳӣ», «Ширкати кӯҳї-саноатии Тољикистону Хитой», «Зарафшон», «Талко Голд», «Рушди энержии Хайтоу» ва ѓайра дар объектҳои иҷозатномавии онҳо иљро намуданд.
Корҳои гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ
Мутобиқ ба лоиҳаи “Умури давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ- геологӣ барои солҳои 2020-2025” дар 824 деҳаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 127 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан пешниҳод дода шуд.
Тибқи лоиҳаи “Кадастри давлатии об”, мушоҳидаи реҷавӣ дар 150 ва мушоҳидаҳои такрорӣ дар 206 обанбори шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Кушониён, Шаҳритус, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Фархор, Панҷ, Ҷ. Балхӣ, Вахш, Ёвон, Файзобод, Нуробод, Шаҳринав, Дӯстӣ, Рашт ва Рӯдакӣ гузаронида шуда, 64 маҳак барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Зарафшон мушоҳидаҳои аввала дар 30 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 65 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавии пармачоҳҳо 336 ченкунӣ гузаронида шуда, 207 адад маҳакҳои об барои ташхиси кимиёвӣ супорида шудаанд.
Тибќи Лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ”, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 9 пармачоҳ бо жарфи умумии 760 м парма карда шуданд.
Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ
Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин давра ягон ҳодисаи нохуш, риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Кадрҳо
Ба ҳолати 31-уми декабри соли 2025 дар Саридораи геология ва воҳидҳои сохтории он 583 корманд (хизматчиёни давлатӣ 47 нафар) кор мекунанд, аз он ҷумла, роҳбарон 106 нафар, мутахассисон 234 нафар ва коргарон 243 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар байни кормандони соҳа 304 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 11 маълумоти олии нопурра, 121 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 147 нафар маълумоти миёна мебошад.
Дар соҳа 190 зан фаъолият мекунанд: аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 21 нафар, 55 нафар дорои маълумоти олӣ ва 135 нафар дорои маълумоти олии нопурра, миёнаи махсус, миёна ва миёнаи нопурра мебошад.
25-26-уми июни соли равон дар осоишгоҳи “Садбарг”-и Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни (слёти) ҷумҳуриявии “Геологҳои ҷавон” бо иштироки 70 хонанда аз тамоми кишвар доир гардид. Озмуни навбатӣ ба “Соли 2025 — соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бахшида шуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳафт дастаи воҳидҳои сохтории Саридора иштирок карданд.
Дар давраи ҳисоботӣ курсњои омўзишии Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо”-ро тариќи буҷетӣ 45 нафар ва шартномавӣ 5 нафар аз рўи ихтисосњои гуногун хатм намуданд.
Робитаҳои хориҷӣ
Дар соли 2025 роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони 8 ширкату ташкилотҳо ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ мулоқот анҷом дод.
Тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 16 майи соли 2025, №296 лоињаи Ёддошти тафоњум оид ба њамкорї дар соњаи геология ва истифодаи сарватњои зеризаминї байни Саридораи геологияи назди Њукумати ҶТ ва Шурои тањќиќотї ва инноватсия дар шахси Хадамоти геологии Британия маъќул дониста шуда, он санаи 19 майи соли 2025 дар шањри Лондони Шоњигарии Муттањидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолї ба имзо расонида шуд.
Дар Форуми байналмилалї оид ба минералњои муњим «INFOCM 2025», ки санаи 12 – 13 майи соли 2025 дар шањри Сеули Љумњурии Корея баргузор гардид, дар он сардори Саридораи геология иштирок ва маърўза намуд.
Инчунин, санаи 12 майи соли 2025 дар њошияи Форуми байналмиллалї оид ба минералњои муњим (INFOCM 2025), ки дар шањри Сеули Љумњурии Корея баргузор гардид, Ёддошти тафоњум оид ба њамдигарфањмӣ байни Саридораи геологияи назди Њукумати ҶТ ва Институт оид ба илми Замин ва захирањои минералии Љумњурии Корея ба имзо расонида шуд.
25-26-уми сентябри соли ҷорӣ дар ш.Остонаи давлати Қазоқистон иҷлосияи XXVIII Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин баргузор гардид, ки дар кори он сардори Саридора бо сардорони шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва шуъбаи робитаҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Мукотибот
Дар давраи ҳисоботӣ ба Саридораи геология 253 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 61 супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 супоришҳои хаттӣ ва протоколи маҷлисҳои назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони он, 545 супориши муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 78 нусха аз Протоколҳои маҷлиси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 тавзеҳот аз Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 фармон ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 Амри Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 44 Қарорҳои Маҷлиси Олӣ, Қонун ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 44 барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 161 барқияи вазорату идораҳо, 1528 мактуб аз вазорату идораҳо, 1039 ширкатҳо, 1233 мактуб аз воҳидҳои сохтории Саридора, 16 ҳисобгирии омории муроҷиатҳои электронӣ, 2 ҳисоботи омории муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ), 12 ҳисоботи омории муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ, 12 ҳисоботи омории муроҷиатҳои хаттии шахсони ҳуқуқӣ ворид гардиданд.
Қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти Саридора рӯзҳои шанбе ва рӯзҳои муайяншуда ба роҳ монда шуда, тибқи ҷадвал 13 нафар қабул карда шудаанд.
Ҳамзамон 345 мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1474 мактуб ба вазорату идораҳо, 749 мактуб ба ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва 729 мактуб ба воҳидҳои сохтории Саридора ирсол карда шуданд.
Натиҷаҳо
Дар Шурои илмӣ-техникии Саридора 181 мавод, аз он ҷумла 75 лоиҳа ва 106 ҳисобот баррасӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 мавод қарор дошт, ки аз онҳо ҳисоботи геологии кони тилло -1 адад; гаҷсанг- 1 адад, конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул – 53 адад, бозҳисобкунии захираҳои конҳо – 14 адад; бозиктишофии захираҳо – 1 адад; ҳисоби фаврии захираҳо - 2 адад ва афзоиши захираи конҳо - 5 адад, корҳои тафтишотӣ ва азнавбаҳодиҳӣ - 1 адад; азнавбаҳодиҳии захираҳо -2 адад; корҳои ҷустуҷӯӣ- арзёбӣ ва иктишофи қаблӣ -1 адад; АТИ ва бозҳисобкунии захираҳо -1 адад; омӯзиши геологии такрорӣ -1 адад; баррасии такрорӣ -1 адад мебошад.
Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, нуқра, ангиштсанг, мармар, гранит, гаҷсанг, оҳаксанг, регсанг, хок, гил ва омехтаи регу шағал тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.
Роҳбарият:
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-
Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон;
Муовини якуми сардор - Холзода Исомуддин Гул;
Муовини сардор – Ализода Алимаҳмуд Ғаффор;
Муовини сардор –Вализода Исмоил Султон.
Телефонҳо: 221-84-66; 888-08-34-16.
Маркази матбуот