ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ КАСБИИ ГЕОЛОГҲО
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ КАСБИИ ГЕОЛОГҲО
Имрӯз, дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди касбии геологҳо, ки ҳамасола 9-уми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ роҳбарият, раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Холиқ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Саридораи геология иштирок доштанд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаи тантанавиро ифтитоҳ бахшида, ҷӯяндагону кашшофони сарватҳои зеризаминиро бо иди касбӣ табрик гуфт.
Зикр гардид, ки муқаррар намудани рӯзи махсуси ҷашни геологҳо ин нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи геология ба шумор рафта, кормандони соҳаро вазифадор менамояд, ки ба тақвияти иқтидори иқтисодии давлату миллат содиқона кору пайкор намоянд.
Дастоварди назарраси соҳаи геология дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳия ва қабули 4 барномаи давлатӣ мебошад, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд.
30-юми апрели соли 2021 “Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030” бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ таҳия ва қабул гардид.
Барнома омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 56 лоиҳа то соли 2030 пешбинӣ намуд, ки дар давраи татбиқи он зиёда аз 80 фоизи объектҳои барномавӣ фаро гирифта шуданд.
Дар айни замон дар 39 объект корҳо идома дошта, дар 9 объекти боқимонда корҳои лоиҳасозӣ ва омӯзиши геологии саҳроӣ дар марҳилаи минбаъдаи иҷрои Барнома вобаста аз нақшаи пешбинишудаи маблағгузорӣ оғоз мегарданд.
Соли 2025 таҳияи лоиҳаҳои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар 10 объекти буҷетӣ ба роҳ монда шуда, дар 7-тои он иҷрои корҳои геологии саҳроӣ оғоз шудааст. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мувофиқ ба нақшаи таҳиянамуда татбиқи Барномаи мазкур корҳо дар ҳама самтҳои бомаром идома доранд ва натиҷаҳои хуб аллакай ба даст омадаанд.
Саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми рушди иқтисоди миллӣ интихоб гардида, муҳлати амалишавии он то соли 2030 пешбинӣ гардидааст, ки ҳиссаи сазовор гузоштан дар ҳадафи чоруми стратегии миллӣ аз вазифаҳои асосии кормандони соҳа мебошад. Бидуни кашфи конҳои нави маъданӣ дар ҳудуди кишвар ва дар асоси онҳо роҳандозӣ намудани саноати кӯҳӣ расидан ба ин ҳадафи стратегӣ комилан ғайриимкон аст. Таҳлили сохти геологии ҷумҳурӣ, шартҳои мутақаддима ва аломатҳои ҷустуҷӯӣ имкон медиҳад конҳои нав, майдонҳо, минтақа ва ҳатто ноҳияҳои вусъатёбии канданиҳои фоиданок, аз он ҷумла сангҳои ороишӣ кашф шаванд.
Мақсади мо баланд бардоштани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, муайянсозии сарватҳои бойи зеризаминӣ, истифодаи самараноки техника ва технологияи муосир мебошад. Ҳамаи ин ҷавоб ба ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат мебошад, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии кормандон ба даст меоянд. Ин маънии онро дорад, ки кормандони соҳа бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти баланд анъанаҳои меҳнатии худро давом дода, дар пешрафти ҷомеа саҳми шоиста мегузоранд.
Дар фарҷом дар фазои тантанавӣ кормандон ва собиқадорони соҳаи геология барои хизматҳои арзанда бо туҳфаҳои хотиравӣ, раҳматнома, сипоснома ва ифтихорномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуот