Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо
Замимаи 5
Бо фармоиши сардори
Саридораи геологияи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «___» апрели соли 2024
№___ -Ф тасдиқ карда шудааст.
ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ
МУТАХАССИСИ пешбари 2 ШУЪБАИ ҲУҚУҚ ВА КОР БО КАДРҲО
Боби 1.Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб –мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
3.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
4.Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мутахассиси пешбари шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори саридора) ба мансаб таъин ва озод карда мешавад:
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо
- Мутахассиси пешбари шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкурро ишғол менамояд:
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Љумњурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-кор карда тавонистан бо компютер.
- Дар давраи мувақатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси пешбари дигари шуъба вогузор карда мешаванд.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъба
7.Мутахассиси пешбари шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- дар ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои саридора иштирок менамояд;
- пешбурди воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои шуъба;
-ба роҳмонии раванди баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ;
- назорати риояи талаботи синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ будан;
- ҷамъоварии маълумотҳои кадрӣ аз воҳидҳои сохтории саридора;
-муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд;
-андешидани чораҳо барои таъмини саривақтии омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;
-дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори саридора ва муовини сардори Саридораро иҷро менамояд;
- мутахассиси пешбари шуъба бевосита ба сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо итоат мекунад;
Боби 4.Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро омӯзад;
-бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- шӯъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтақавии саридора намояндагӣ кунад;
-ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ва саридора ба сардори саридора таклифҳо пешниҳод намояд;
-ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҷалб карда шавад;
-дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
-барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои мукарраргардида;
-барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
-барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
-барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Мутахассиси пешбари шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо ба мутахассиси пешбари шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.