Замимаи 6
Бо фармоиши сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » апрели соли 2024
№ 21-Ф тасдиқ шудааст
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадхои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касби;
- тахсилоти олии касбии геологӣ;
- 1 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз руи ихтисос;
- дониши хуб доир ба донистан ва кор карда тавонистан бо техника ва технологияҳои иттилоотии коммуникатсионии муосир;
Боби 3. Уҳдадорихои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- ҷамъоварӣ ва ба тартибдарории иттилоотии ҳармоҳаи геологии Саридораро барои пешниҳод омода месозад;
- саривақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои геологӣ, иттилоотӣ ва ниҳоиро аз ҷониби сохторҳои Саридора назорат мекунад;
- дар таҳияи самтҳои асосии корҳои геологӣ иктишофӣ, нақшаҳои солонавӣ ва дурнамоии рушди корҳои иктишофи геологӣ, нақшаҳои ба анҷомрасии онҳо ва аз ҳисоббарории хароҷотҳо, таҳияи нақшаҳои объектии корҳо ширкат меварзад;
- дар маҷлисҳои ҷумҳуриявӣ, семинарҳо симпозиумҳо, мактабҳои таҷрибаи пешқадам, намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок мекунад;
- ҳолати корҳои мавзуӣ, сифати корҳои саҳроӣ ва коркард (камералї) ва қабули маводҳои саҳроиро бо роҳи боздид, мутобиқ ва месанҷад;
- дар баррасии ҳисоботҳои геологӣ, ҳисоби фаврии захираҳои ба ШИТ пешниҳодшаванда ширкат меварзад.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз руи онҳо иштирок намояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридораи геология қарордоштаро меомузад;
- аз корхонаҳои бо омузиши геологӣ машғулбуда пешниҳоди лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва иттилооти даврии геологиро дар муҳлатҳои муқаррарнамуда талаб кунад;
- аз номи Саридора дар дигар сохторҳо аз руи масъалаҳои ба салоҳияти шуъба дахл дошта, бо фармоиши роҳбарият намояндагӣ намояд;
- санҷиши маводҳо ва рафти корҳоро дар ташкилотҳои тобеъ, аз руи масъалаҳои ба салоҳияти шуъба дохил шаванда, гузаронад;
- доир ба гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ бо вайронкунии талаботҳои усули муқаррарнамуда, дастурамалҳои соҳавии амалкунанда, тавсияҳо, фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ гузаронидашавандаро ба сардори шуъба маълумот пешниҳод намояд;
- бо розигии сардори шуъба, шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтақавии Саридораи геология намояндагӣ кунад.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъбаи геология
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Боби 5 Муқаррароти хотимавӣ