Замимаи 7
Бо фармоиши сардори Саридораи
геологияи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «01» апреди соли 2024
№27 -Ф тасдиқ шудааст
Дастурамали
мансабии мутахассиси шуъбаи назорати геологӣ ва фондҳои иттилооти геологии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб: мутахассиси шуъбаи назорати геологӣ ва фондҳои иттилооти геологии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб мебошад.
3.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва хисоботдиҳанда мебошад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси шуъба
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муққадасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба рох мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ва Саридораи геология;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассусӣ касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- дониши хуб доир ба донистан ва кор карда тавонистан бо техника технологияҳо иттилоотии комуникатсионии муосир.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъба
- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти Шўъба ташкил ва таъмин менамояд;
- ҳуҷҷатгузориро дар Шўъба пеш мебарад. Қабул ва нигоҳдории қисмҳои геологию методии лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводҳои геологиро иҷро менамояд. Саривақт супоридани онҳоро ба Шўъба аз ҷониби экспидитсияҳо амалӣ менамояд;
- қоидаҳои баҳисобгирӣ ва нигоҳдории маводҳои геологиро риоя мекунад;
- мутахассиси Шўъба ба сардори Шўъба итоат мекунад;
- дар ҳолати набудани сардори Шўъба,Сармутахассиси Шўъба ва мутахассиси пешбари Шуъба, кори Шўъбаро пеш мебарад.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси шуъба
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводдҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таклиф пешниход намояд;
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъба
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятхое, ки мувофики конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ