Замимаи 4 Бо фармоиши Сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 1 » апрели соли 2024 №22-Ф тасдиқ шудааст. Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи…
Замимаи 4
Бо фармоиши Сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 1 » апрели соли 2024 №22-Ф тасдиқ шудааст.
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб: Мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб мебошад.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва хисоботдиҳанда мебошад.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мутахассиси пешбари шуъба) аз тарафи сардори Саридораи геология бо дастрасии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкуро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муққадасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мавҷудияти дониш ва банақшагирии раванди кор;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба рох мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ва Саридораи геология;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассусӣ касбӣ;
- маълумоти олии касбии тахасуссӣ;
- дониши хуб доир ба донистан ва кор карда тавонистан бо техника ва технологияҳо иттилоотии коммуникатсионии муосир.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти шӯъба ташкил ва таъмин менамояд;
- дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Саридора иштирок менамояд;
- аз ташкилотҳои тобеи пешниҳоди лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва иттилооти даврии геологиро дар мӯҳлатҳои муқаррарнамуда талаб кунад;
- аз номи Саридора дар ташкилотҳо аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти шӯъба дахлдошта, бо фармоиши роҳбарият намояндагӣ намояд.
- қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории қисмҳои геологию методии лоиҳаҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводҳои геологиро иҷро менамояд.
Дигар ваколатҳои шӯъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовини сардори Саридораро иҷро менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро меомӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб менамояд;
- барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таклиф пешниход менамояд;
- шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои минтақавии Саридораи геология намояндагӣ мекунад.
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъба
- Мутахассиси пешбари шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди делои шахсии худ;
- мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
- барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
- барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани. моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансаби вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боби 5. Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рўз дар китоби бақайдгирии Дастурамалҳои мансабӣ, нусхаи он супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мазкур мегарданд, Дастурамал аз нав таҳия ва аз ҷониби сардори Саридораи геология тасдиқ карда мешавад.