22-юми июли соли 2025 дар толори калони Саридораи геология бо иштироки намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, сардори Саридора, муовинон, сардорони шуъбаҳо, муовини раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, сардори Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар нимсолаи якум маълумоти мухтасар манзур намуд.
Намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, иҷрои корҳои иктишофию геологӣ, тадбиқи “Барномаи давлатии соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, оғози корҳои саҳроӣ, захираҳои канданиҳои фоиданок, ҳисоби захираҳо, омӯзиши обҳои зеризаминӣ, омӯзиши равандҳои геологӣ, ҳамкории байналмилалии Саридораи геология, кашфу омӯзиши металҳои нодир, аз ҷумла, литий, тантал, ниобий, корҳои ҷустуҷӯиву арзёбӣ дар майдонҳои маъданӣ, техникаву технологияи муосири соҳа, барномаҳои муосири компютерӣ, захираҳои нафту газ, ташхисгоҳи геологӣ, дастовардҳои соҳа, шароити кормандон, музди маоши геологҳо ва ҷалби мутахассисон ба соҳа саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.