Исполнительные органы государственной власти района Фирдавсӣ города Душанбе
Официальная страница- Сотрудников
- 18
- Руководителей
- 6
- Управления
- 1
- Отделы
- 7
- Отделение
- 9
Заместитель председателя района (куратор сферы благоустройства)
Заместитель председателя района (куратор сферы сельского хозяйства)
Заместитель председателя района (куратор сферы экономики и промышленности)
Заместитель председателя района (куратор сферы духовности)
Бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд бахш) воҳиди сохтории дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсиони, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амрҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Маҷлиси миллӣ ва намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарор ва амрҳои Раиси шаҳри Душанбе, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душнбе, қарор ва амрҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва Низомномаи мазкурро ба роҳбари мегирад.
Низомомаи бахши иттилоот, технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 августи соли 2022, №409 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти бахши иттилоот, технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо (минбаъд - бахш) муайян намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти бахшро ба танзим медарорад.
Низомномаи бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - бахш) сохтор, вазифа ва ҳуқуқҳои бахши муҳосиботро муайян менамояд. Бахши муҳосибот воҳиди сохтории дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидорӣ, молиявӣ ва муҳосибии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе масъул мебошад. Шумораи воҳидҳои кории бахш мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд. Назорати бевоситаи фаъолияти бахши муҳосибот аз тарафи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад. 1.5. Бахши муҳосибот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва амрҳои Раиси шаҳри Душанбе, қарор ва амрҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе инчунин, низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
Низомномаи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд-Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд-бахш)-ро муайян намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти бахш ба танзим медарорад.
Низомномаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ (минбаъд Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2021, №29 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Низомномаи бахши манзилӣ коммуналӣ ва кор бо маҳали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд-бахш) бо қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тасдиқ карда мешавад 1.2. Бахш воҳиди сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаи мазкур фаъолият мекунад.
Низомномаи бахши ободонӣ ва кабудизоркунӣ воҳиди сохтории Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, Қонуни конститутсионии Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти бахши ободонӣ ва кабудизоркунӣ Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо (минбаъд - бахш) муайян намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти бахш ба танзим медарорад.