Общая информацияНизомномаи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд-Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд-бахш)-ро муайян намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти бахш ба танзим медарорад.