Общая информацияНизомномаи бахши ободонӣ ва кабудизоркунӣ воҳиди сохтории Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, Қонуни конститутсионии Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти бахши ободонӣ ва кабудизоркунӣ Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо (минбаъд - бахш) муайян намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти бахш ба танзим медарорад.