Бахши манзилӣ - комуналӣ ва кор бо маҳал
Общая информацияНизомномаи бахши манзилӣ коммуналӣ ва кор бо маҳали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд-бахш) бо қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тасдиқ карда мешавад
1.2. Бахш воҳиди сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаи мазкур фаъолият мекунад.
Данных пока нет