Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки мо манфиатдори густариши ҳамкориҳои самарабахш бо Созмони "Занони СММ" (UN-Women) мебошем.
Тоҷикистон ин Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи масоили баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон ва суръат бахшидан ба раванди осебпазирии занон дар ҳолати офатҳои табиӣ медонад.
Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва афзоиши назарраси нақш ва таъсири онҳо дар парлумон, ҳукумат ва идораи давлатӣ пешрафтҳои назаррас ба даст меорад.
Қонунгузории мавҷуда бо стандартҳо ва ҳадафҳои нав, ки вазъи занонро беҳтар мекунанд, пурра карда мешаванд.
Парлумони Тоҷикистон дар мутобиқсозӣ ва такмили қонунгузории миллӣ бо меъёрҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон (CEDAW), фаъолона иштирок мекунад.
Айни замон, ҳиссаи вакилонзанон дар Маҷлиси намояндагон наздики 29 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи рушди пешрафтаи роҳбарӣ ва иштироки занон дар қабули қарорҳо мебошад.
Саҳми занони Тоҷикистон дар рушди маориф, тандурустӣ, илм, соҳибкорӣ, инчунин таъмини суботи иҷтимоӣ ва сулҳ назаррас мебошад.
Имрӯз шумораи занон дар хизмати давлатӣ 25 фоиз, маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, илм 37 фоиз, соҳибкорӣ 30 фоиз, бонкдорӣ 39 фоиз, коммуникатсия 25 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳад.
Бо такя ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, мо ҳамкории худро бо Созмони "Занони СММ" (UN-Women) дар Душанбе ба хотири таҳия ва такмили санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба баробарии гендер ва пешгирии зӯроварӣ барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи занон идома медиҳем,-изҳор намуд М. Муинӣ.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Созмони "Занони СММ" (UN-Women) ҷиҳати амалӣ намудани талошҳои минбаъдаи Тоҷикистон барои тақвияти баробарии гендерӣ, расонидани кӯмакҳои техникӣ ҷиҳати анҷом додани сафарҳои омӯзишиву таҷрибавӣ дар такмилу мукаамалгардонии қонунҳои соҳавии миллӣ вобаста ба масоили гендерӣ бо парламенти кишвар ҳамкории густурда хоҳад дошт.