Дар доираи ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе як гурӯҳ шунавандагони курси дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон аз бинои Парлумони Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Ҳайати мазкурро ҷавондухтарон ва бонувони фаъоле ташкил медиҳанд, ки дар доираи Дафтари барномаҳо САҲА ба омӯзиши масъалаҳои дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ фаро гирифта шудаанд.
Зимни боздид шунавандагон аз фаъолияти Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароити баргузории ҷаласаҳои парлумонӣ шинос гардиданд. Аз ҷумла, онҳо аз толори ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва толори ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар доираи боздид шунавандагони мактаби мазкур бо вакилбонувони Маҷлиси намояндагон Саидвализода Барно - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Дустмуродзода Сурайё – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва Саидӣ Дилафрӯз – узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба. Энегетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот доир ба фаъолияти Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши мақомоти намояндагӣ дар низоми давлатдорӣ, раванди қонунгузорӣ ва иштироки занон дар фаъолияти парлумонӣ суҳбати гарму самимӣ сурат гирифт. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди малакаҳои роҳбарӣ, дипломатия ва иштироки ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон, дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Миёни шунавандагон ва вакилбонувони Маҷлиси намояндагон оид ба фаъолияти парлумонӣ, раванди таҳия ва қабули қонунҳо, инчунин таҷрибаи иштироки занон дар фаъолияти мақомоти намояндагӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.