11.11.2025 Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ – роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҷидзода Сарвиноз ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусоҷонзода Ҷамила ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот доир намуданд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар марҳилаи навин то шарикии стратегӣ расида, дар беҳтар гардидани сатҳи муносибатҳои тарафайн ва зиндагии шоистаи мардумони кишварҳоямон нақши созгор гузоштааст.
Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки рушди муносибатҳои тарафайн аз муносибатҳои неку оянданигаронаи Сарварони ду кишвари ба ҳам дӯст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, дар тамоми самтҳо дастовардҳои шоён ба бор овардааст.
Мавсуф таъкид намуд, ки мо ба муносибатҳои неки ҳамсоядориямон ҳамеша арҷ гузошта, талош менамоем, ки дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатиямон мусоидат намоем.
Доир ба табодули таҷрибаи тарафайн дар рушди қонунгузорӣ ва парламентаризм мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мулоқот дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 12 ноябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба нақша гирифта шуда буд, баргузор гардид.