Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон Азиззода Ғайрат – вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон бо ҳайати гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламетии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки решаҳои тӯлонӣ ва таърихӣ доранд, ҳамеша бар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамкории зич ва фаҳмиши мутақобила ташаккул ёфта, дар даврони босаодати мо аҳаммияти хоса пайдо карданд.
Муносибатҳои байни кишварҳои мо бо сатҳи баланди эътимод ба якдигар, мувофиқати муносибатҳои консептуалӣ ба доираи васеи масъалаҳои байналмилалӣ, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ рушди муштарак доранд,-гуфт Ғ. Азизода.
Муносибатҳои тиҷорату иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ танзим мешаванд.
Зикр шуд, ки ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон майли васеъшавӣ ва тақвиятёбии марҳила ба марҳила дорад. Дар онҳо равандҳои татбиқи амалии иродаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои ҳамкории зич ва бисёрҷанба мувофиқи иқтидор ва эҳтиёҷоти мардумони кишварҳои мо мушоҳида мешаванд. Шубҳае нест, ки таърихи муосири муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон иқдоми нав барои рушди минбаъдаи робитаҳои мо хоҳад шуд, ки бо руҳияи эътимоди мутақобила, шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ ва орзуи рушди умумӣ тавсиф мешавад.
Рушду таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва густариши фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ муҳим арзёбӣ гардид.