Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшо Гулзода бо муовини Президенти Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Гудрум Куглер мулоқот намуд.
Дар вохурӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байнипарламентӣ, вазъи имрӯза, дурнамои рушди муносибатҳо баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат додани робитаҳо дар соҳаҳои барои тарафҳо мутаносибан муфид, изҳори андеша намуданд.
Хонум Гудрум Куглер аз бинои нави Парлумони кишвар дидан намуда, аз дурнамои ҳамкориҳо бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.